Герпеси гениталӣ агар дар ҳолати фаъол бошад, дар каме ҳолатҳо мумкин аст, ки он тести ВНМО-ро низ мусбат нишон диҳад. Аз ин лиҳоз ҳама ҳолатҳои мусбати ВНМО бояд бо тестҳои тасдиқӣ якчанд маротиба тасдиқ шаванд, то ин ки чунин хатогиҳо бартараф шаванд. Аммо, на ҳама ҳолати мусбии герпеси гениталӣ маънои фаъолнокии беморӣ мебошад. Барои пурра аниқ намудан ба духтури пӯсту зуҳравӣ (кожвенеролог) муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов