Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом. Чанд фоизи беморон ВНМО острая стадияро мегузаронанд? 2 дар стадияи дигарии беморӣ кадом намуд нишонаҳо ҳаст?

Салом. 

  1. Давраи шадиди бемории ВНМО (остро-лихорадочная стадия) метавонад дар давоми моҳи аввали сироятшавӣ ба вуқуъ биёяд. Аммо он на дар хама шахсони сироятшуда сар мезанад. Тибки нишондодҳо он дар 45-90%-и шахсони сироятшуда метавонад сар занад.
  1. Баъд аз давраи шадид давраи бенишонагӣ фаро мерасад, ки он ба ҳисоби миёна то 8-10 сол давом дорад. Баъдан масунияти одам паст шудан мегирад ва шахс гирифтори хар гуна бемориҳо мешавад. Агар шахс табобат нагирад, ин нишонаҳо зиёд мешаванд ва бемориҳои вазнин ба вуҷуд меояд, аз ҷумла бемории сил ва ғайра. Ин давраро хамчун Бемории пайдошудаи норасоии масуният (СПИД) меноманд, ки дар ҳолати табоат накардан он метавонад шахсро ба марг оварда расонад.  

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.