Оиди ВНМО/БПНМ
Ахмад
02.03.2022
Салом, ман 3,5 сол шуд бо 1 фоҳища зан ҳамхобагӣ доштам, занро намедонам, бо рифола , баьди баромадани сперма рифола дарид, баьди 30,40 сония фаҳмидам, пешоб кардам, шустушу кардам. 3,5 сол гузашт, ифа барои гепатитхо ва сифилис супоридам ҳамаш манфӣ, ВИЧ насупоридам метарсам, то ҳоло ягон нишонаҳоро ҳис накардаам, мисли асп кор мекунам! Ое баьди 3,5 сол бо ВИЧ, гепатити Б бемор мешудам е не!
Салом.
Чи хеле маълум аст, бемории ВНМО солҳои тӯлонӣ метавонад ягон нишона надошта бошад ва танҳо дар мавриди супоридани таҳлили хун муайян мешавад. Аз ин лиҳоз, ба Шумо лозим аст, ки як маротиба ташхиси ВНМО супоред, то ин ки мавқеи худро муайян намуда, аз ин фикррониҳои мушкил халосӣ ёбед. Роҳи дигареро ба Шумо тавсия додан мушкил аст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо