Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи Умед. Ман 2.5 сол шуд фикр мекунам беморам. Дар баданам 6 - 7 то донача аст ва метарсам анализ супорам. Мешавад, ки анализ супорем, ҳеч кас хабардор нашавад? Дилам аз зиндагӣ мондааст, ҳоло оиладор нестам. Ман 3 сол пеш бе рифола ҳамхоба шуда будам бо фоҳиша. Чӣ маслиҳат медиҳед? Оё бемор буда метавонам? Оиладор шуда метавонам ба мисли дигар одамҳо?

Салом. 

Фикрронии Шумо нодуруст аст, яъне ҳоло аз ҳеҷ чиз Шумо барои худ мушкилӣ эҷод намудаед ва ин кор метавонад ба саломатии руҳиатон зарар оварад.

Аввалаш дар он, ки он ҳамхобаатон гирифтори ВНМО буд ё не, Шумо намедонед. Дигараш он, ки агар дошта бошад ҳам дар мавриди як алоқаи ҷинсӣ хавфи гузаштани ин вирус бениҳоят паст аст. Аз ин рӯ, барои оромиатон рафта як маротиба аз таҳлил гузаред.

Супоридани таҳлил махфӣ мебошад, яъне натиҷаи таҳлил ба каси дигар пешниҳод карда намешавад, танҳо ба худатон. Нишонаҳое, ки номбар кардаед, ба ВНМО ягон алоқамандӣ надорад. Рафта таҳлилро супоред, баъдан вобаста ба натиҷа рафтор менамоед.

Дар имрӯза шароит шахсе, ки гирифтори ВНМО аст, метавонад оиладор ва соҳиби фарзанди  солим шавад. Бо ташхиси ВНМО зиндагӣ ба охир намерасад ва шахс метавонад саломат умр ба сар барад.  

Баъд аз таҳлил саволе дошта бошед, нависед.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.