Салом.
Албатта мешавад. Яке аз роҳи гузариши ВНМО из тавассути алоқаи ҷинсӣ мебошад, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳама алоқа ба сироятшавӣ оварда мерасонад. Ҳастанд оилаҳое, ки яке аз шарикон ВНМО дорад, дигараш не ва дар натиҷаи алоқаи ҷинсӣ сироят наёфтаанд. Аммо, аниқ гуфта намешавад, ки дар кадом ҳолат мегузарад ва дар кадом ҳолат намегузарад. Аз ин лиҳоз, ҳар як алоқаи ҷинсӣ бо шахси гирифтори ВНМО хавфнок ҳисобида мешавад ва хатари сироятёбӣ вуҷуд дорад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов