Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом 1.шахсе ки алокаи чинси бе рифола кардааст бояд пас аз чан вакт тахлил супорад ки аник нишон медихад ва кадом навъи тест супорад мешавад? 2. Шумо мегуенд пас аз 3 мох нишон медиханд, боз мегуенд беморихои аутоимуни дароз мекунад давраи тирезора лутфан мегуфтедиин кадом бемори мебошад ? 3. Дар тачрибахо чунин холат аст ки то 6 ё 7 мох тест манфи бошаду пас аз 1 сол мусбат? 4. Пас аз 3 мох ба фикри шумо дар хама холат антителхо мебарояд,вакте ки антителхо бароянд то охири умр гум намешавад, максад то охири умри инсон тест мусбат нишон медихад ? 5.пас аз алокаи чинсиям пас аз 1.5 мох хама нишонахои вич (догхо,гулу дард ,гадудхои сафрои гардан испурч чигар варам кард субфебрильная температура) буданд 26 руз давом кард холо бошад факат фикр мекунам , ва Хеле хароб шудам лекин тести очили пас аз 5 мох ,пас аз 6 мох , пас аз 7 мох супоридам манфи оё кадом вакт метавонам тест супорам ором шавам ?

Салом. 

  1. Баъд аз 3 моҳи алоқа супоридани ташхис шарт аст, то ин ки ҷавоби аниқ ба даст оварда шавад.
  2. Ба ин савол дар сомона ҷавоб хаст.
  3. Дар таҷриба мушоҳида накардаем.
  4. Агар антителаҳо бароянд, пас ин маънои онро дорад, ки шахс гирифтори ВНМО мебошад. Аз он лиҳозе, ки ВНМО аз организм нест намешавад, пас антителахо низ як умр дар таҳлилхо аён мегарданд, яъне ҷавоб доимо мусбӣ мебошад.
  5. Ором бошед, дар Шумо ВНМО нест. Дигар таҳлил насупоред.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.