Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом доктор 1.Пас аз алокаи ҷинсӣ 6 моҳ гузаштааст, тести очили ва тиф супоридам манфи, бо интернета мебинм мега пас аз 1 сол малум мешава як солро мунтазир шавам ? 2. Дар практика хамхе холате хаст баъди 6 мох манфи бошад баъди 1 сол мусбат? 3. Тестхои хозира хама тип и подтипы ошкор мекунад? 4. 6 мох гузаштааст тестхо манфи , холо мешавад пцр боз супорам? 5. Шахсони оила барпо мекунанд онхоро бо кадом тест санчищ мегузаронанд?

Салом. 

  1. Таҳлили супоридаатон кофӣ мебошад ва 1 солро мунтазир шудан ҳоҷат надорад.
  2. Дар таҷрибаи мо чунин мушоҳида нашудааст.
  3. Бале, тестхои ҳозиразамон ҳама намудҳои ВНМО-ро пайдо мекунанд.
  4. ПЦР шарт нест, тести оҷилӣ ё ТИФ (ИФА) кифоя мебошад.
  5. Ба никоҳшавандагон мисли дигарон тестҳои ҳозиразамони оҷилӣ ё ТИФ (ИФА) истифода бурда мешаванд. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.