Салом.
Бемории ВНМО ва бемории сил бемориҳои гуногун мебошанд. Аммо алоқамандии онҳо дар он мебошад, ки шахси гирифтори ВНМО дар мавриди паст шудани масунияташ хавфи баланди беморшавӣ ба сил дорад. Аз ин лиҳоз, айни замон тамоми шахсони гирифтори ВНМО ба бемории сил муоина мешаванд ва ҳамаи беморони сил бошад аз ташхиси ВНМО мегузаранд, то ин, ки беморихои ҳамрадифро саривақт ошкор намуда бо табобатҳои зарурӣ фаро гирифта шаванд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов