Салом!
Маълум аст, ки бемории ВНМО (вируси норасои масунияти одам) чандин солхо метавонад бе ягон нишона давом кунад. Аз ин ру ягона рохе, ки саривакт метавонад ба табибон аз вазнинии ин бемори нишона дихад, ин гузаронидани тахлили хучайрахои СД4 мебошанд. Барои ин хар як шахси гирифтори ин вирус бояд мунтазам, дар шаш мох як маротиба чунин тахлилро гузарад. Агар тахлил нишон дихад, ки меъёри хучайрахо дар сатхи зарури аст ва шахс худро нагз хис мекунад, яъне аз саломатиаш шикоят надошта бошад, пас дар чунин холат ягон табобат зарур нест ва у метавонад бо дили пур кору фаъолияташро давом дихад. Дар натичаи мунтазам гузаронидани тахлили хучайрахои СД4, табибон метавонанд дар холати зарури ТЗРВ (табобати зиддиретровируси) саривакт таъин намоянд, ки бемори ба мархилаи вазнин нагузарад. Аз ин ру шахсони гирифтори ВНМО бояд хамеша тахти назорати духтурон бошанд.
Гуфтахои дар боло зикршударо ба инобат гирифта, мехохам гуям, ки нишондихандахои дар суол зикршудаи Шумо ба ин гуфтахо дуруст меояд ва ба саломатиатон айни замон ягон омили хатарнок таъсиррасон намебошад, аз ин ру нигарон набошед.
Бо эхтиром,
Умед Талбов