Салом.
Шахси гирифтори ВНМО тамоми ҳуқуқҳои инсониро, ки конститутсияи ҳар як мамлакат имконият медиҳад, доро мебошад. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба кор кардан, сафар намудан, барпо намудани оила ва тавлиди кӯдак ва дигар фаъолиятҳо. Шахси гирифтори ВНМО танҳо дар якчанд вазифаҳо, ки тамос бо хуни дигар нафар имконпазир аст (чарроҳ, акушер-гинеколог, лаборант ва дигарон) ҳуқуқи кор карданро надорад. Аз ин лиҳоз, ҳуқуқҳои шахси гирифтори ВНМО-ро маҳдуд намудан амали ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов