Салом.
Айни замон дар ҷумҳуриямон барои шахсони гирифтори ВНМО тамоми шароит барои гирифтани хизматрасониҳои тиббӣ муҳайё мебошад. Табобати зиддиретровирусие, ки дар ин шахсон гузаронида мешавад, пурра ройгон мебошад, инчунин тамоми ташхисҳои мегузарондагӣ низ ройгон аст. Инчунин гуфтан зарур аст, ки маълумот дар бораи шахсони сироятшуда махфӣ мебошад ва ба ягон тараф бе розигии шахс пешниҳод карда намешавад.
Шахси сироятшудаи ВНМО метавонад оиладор шавад ва соҳиби фарзанди солим гардад. Маълумоти пурратарро духтурони марказҳои ВНМО мушаххастар метавонанд, пешниҳод намоянд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов