Салом.
1. Тибқи меъёрҳои қабулшуда агар ба Шумо ҷавоби таҳлилатон расмӣ ба намуди маълумотнома лозим бошад, пас Шумо вазифадоред, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худро пешниҳод намоед. Ин барои он лозим аст, ки шахси маълумотдиханда бовари хосил намояд, ки ному насаби дар маълумотнома дарчгардида дар хакикат ба мурочиаткунанда таалук дорад.
Аммо, агар ба Шумо ягон маълумотнома оид ба тахлилатон лозим набошад ва Шумо мехохед танхо барои аник намудани макоми худ оид ба ВНМО тахлил супоред, пас метавонед бидуни хуччате ин корро анчом бидихед. Хамзамон дар хотир дошт, ки агар чавоби тахлил мусби нишон дихад, пас дар ин холат низ барои тасдики минбаъдаи ташхис, яъне гузаронидани тахлилхои дигари тасдиккунанда, пешниходи шиноснома хатми мегардад. Агар тахлил манфи бошад, пас хеч кас аз Шумо дархости хуччат намекунад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов