Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом . 1. Ман мохи май ба як духтар чанд маротиба алокаи чинси бе рифола доштам 15,20,22,23,25 май бад 10 июн хламидиоз дар ман пайдо шуд тули 2 хафта табобат кардам бехтар шудам , пас аз он охири 30 июн ба руссия омадам ва дар мохи 17 июл болои лабамда дар чои муйлаб доги хун мерафтаги пайдо шуд ацикловир шакидам тули 3 руз танхо доги сурх боки монд дар хамин хол лимфатические узлы гарданам варам кард гулу дард шудам дар гулуям як миндал варам кард налёти зард пайдо шуд чигарам кати селезёнка дард мекард 28 июл ( 2 мох пас аз алокаи чинси ) рафта лабораторни тест ифа 4 поколения антител / антиген супоридам чавоб манфи баромад пеши духтур лор рафтам хронический тонзиллит гуфт пас аз он 30 июл гулуям соз шуд ва температураам тули 10 руз субх 36.2 ва шабона то 37.3 давом кард ва 22 август дар пойхоям ранги курпаша газидаги пайдо шуд ва пас аз як руз сурхияш тули чанд руз давом кард дар дастонам амхе пайдо шуд гум шуд ва шикамам овоз мебарорад ва 4 сентябр тести очили аз ангушт гирифтам 97 руз чавоб манфи баромад ва боз 27 сентябр тести очили супоридам 4мох аз алокаи чинсиям гузашта манфи баромад ? 2. Метавонад ин нишонахо аз дигар беморихо бошад ё ин ки баъд аз як сол ё шаш мох нишон медихад ? 3.температураам шабона бисёр вакт то 37 мешавад ? 4 . Метавонад гепатит шуда бошам ё диабет ба тести очили халал расонад максад манфи нишон дихад? 5 . Тесте ки аз ангушт мегиранд дуруст нишон медихад ?

Салом. 

  1. Дар Шумо ВНМО рад карда мешавад. Оиди дигар нишонаҳо ба духтури минтақавӣ муроҷиат намоед.
  2. Ин нишонаҳои ВНМО нестанд, чунки ташхисатон манфӣ мебошад. Як сол ё шаш моҳро интизор шудан шарт нест.
  3. Оиди таби баланд ба духтури минтақавиатон муроҷиат намоед.
  4. Не, аз руи диабет ва гепатит тест манфӣ нишон намедиҳад.
  5. Бале, тести аз ангушт гирифташуда дуруст нишон медиҳад.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.