Оиди ВНМО/БПНМ
Рахим
04.10.2021
Салом илтимос ҷавоб диҳед, бародар. Ман алоқаи ҷинсӣ кардам рифола дарид. Намедонам ӯ вирус дорад ё не? Баъди 2 ва 3 моҳ хун супоридам ҳарду даф тоза баромад. Аммо бади 3 юм моҳ 2 ҳафта шуд гулӯ ва биниям кам кам месузад ва мехорад ва камтар тасф ва табларза дорам. Неки ҳозир ака ҳаво хунук шудагияй, намедонм грип боша ё... Ман ба наздикӣ туй дорам, ака Шумо чӣ тавсия медиҳед? Раҳмати калон, ака, боз илтимос, ака, тезтар ҷавоб диҳед илтимос!
салом.
Чунин нишонаҳо, ки баъди 3 моҳ пайдо шудаанд ба ВНМО алоқамандӣ надорад. Азбаски таҳлилҳои супоридаатон манфӣ мебошад, метавонед хавотир нашавед, дар Шумо ин вирус нест. Метавонед озод тайёрӣ ба туйро давом диҳед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо