Салом.
Барои гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳии фаврӣ бемории ВНМО монеа шуда наметавонад. Аммо барои амалиётхои нақшавӣ, зарур аст, ки ҳаматарафа муоина гузаронда шавад. Аз ҷумла, шахси гирифтори ВНМО бояд ба сатҳи масунияти худ аҳамият диҳад, зеро дар мавриди масунияти паст гузарондани амалиётҳои чарроҳи метавонад ба оризаҳо оварда расонад. Хулоса, дар ҳар як ҳолат бояд бо духтури табобатии маркази ВНМО маслиҳат намуда баъдан амалиёти заруриро гузаронид.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов