Салом.
Нишонаҳои аввалини сирояти ВНМО метавонанд баъд аз 5-30 рӯзи сироятшавӣ ба монанди зуком ё дигар сироятҳои шадиди роҳҳои нафас, ва аксар вакт ба монанди мононуклеози сироятӣ сар шавад. Ин давра давраи шадиди сирояти ВНМО ном дошта, метавонад то 3-4 ҳафта давом кунад Дар ин давра ташхиси ВНМО гузоштан душвор аст, чунки дар ин давра антителахо дар хун пайдо нашудаанд ва тестхо манфӣ нишон медиҳанд. Инчунин нишонаҳои давраи шадиди ВНМО на чандон вазнин мегузарад ва беморон ба духтур муроҷиат намекунанд. Ин давра на дар ҳама шахсони гирифтори ВНМО пайдо мешавад, ва баъд аз он беморӣ ба давраи бенишонагӣ мегузарад, то он даме, ки масуният паст шуда бемориҳои оппортунистӣ авҷгиранд, ки ин давраро давраи сар задани нишонаҳои клиникӣ ва СПИД меноманд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов