Салом.
Хламидиоз бемории алоҳида мебошад, ки барои авҷгирии он бояд сироят ба амал ояд. Дар мавриди бо сабаби ВНМО паст шудани масуният, дигар бемориҳо, аз ҷумла ба монанди хламидиоз метавонанд вазнинтар ва бо оризаҳо раванд гиранд.
Баъд аз як моҳи сироятёбии ВНМО, дар баъзе беморон ҳарорати баданашон метавонад баланд шавад (аз 38С боло). Ин марҳилаи шадиди беморӣ ба ҳисоб меравад ва он метавонад 1-2 ҳафта идома ёбад. Дар ҳама ҳолат ба духтур муроҷиат намудан лозим, то ин, ки ташхиси дуруст гузошта шавад, зеро ҳарорати баланд нишонаҳои бисёр беморӣ шуда метавонад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов