Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом алейкум. 1.Ман алокаи чинси доштам бе рифола буд пас аз 3 мох тест экспресс супоридам тоза баромад ва боз пас аз 5 мох низ а тоза ва баьд аз 7 мох супоридам тест экспресс ва тоза баромад. Холо 9 мох мешавад ва имруз барои Патент хун супоридаам дар Федератсияи Россия фикри шумо чихел оиди чавоби ташхис. 2.дар давоми ин вакт дар ман нишонахое буданд ки ба монанди зуд пешоб кардан ва донача бисёр баромада нест шуд ва холо баьзе вакт баданам бисёр мехорад ва донача мебарояд якто дуто ва нест мешавад. 3.Хориши бадан ва гарм шудани ду тарафи гардан аз сабаби кадом бемори аст. Ташакурри зиёд барои чавоб ака

Салом.

  1. Дар Шумо ВНМО нест. Ҷавоби таҳлил бояд манфӣ бошад, зеро таҳлилҳои қаблӣ низ манфӣ буданд.
  2. Нишонаҳои номбаршуда ба ВНМО алоқамандӣ надоранд, ба духтурони дармонгоҳҳо (поликлиника) муроҷиат намоед. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.