Оиди ВНМО/БПНМ
Сафар
18.06.2021
Салом акаи Умед. Ҳангоми шакидани олоти мардинагӣ дар лабҳои таносул такрибан 4-5 дақиқа хавфи сироятшавӣ чанд фоиз аст, ака? Имкон ҳаст, ки нагузарад? Баъди алоқа пешоб кардан ягон фоида дорад? Ягон заррае вирусро шуста намебарорад пешоб? Дар ҳамин мавзуъ шарҳ медодед, ака, хуб мешуд, ҷавоби шуморо мунтазирам.
Салом.
Дар ҳама ҳолате, ки тамос бо моеъҳои зерин ба амал ояд, хавфи гузариши ВНМО вуҷуд дорад:
- Хун
- Нутфа (сперма)
- Тарашшуҳоти маҳбал (вагинальный секрет)
- Шири модар.
Дар мисоли Шумо тамос бо тарашуҳоти махбал эҳтимол дошт. Агар чунин ба амал омада бошад, пас хавф вуҷуд дорад, агар не, пас хавф нест.
Пешоб кардан оиди пешгирии ВНМО нақш намебозад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо