Оиди ВНМО/БПНМ
Умар
12.05.2021
Салом алейкум.
Ман санаи 16ноябри соли 2020 бо як зан алоқаи ҷинсӣ намудам ва дар вақти алоқа рифола дарид. Намедонам, ки вай бемор аст ё не? Бинобар ин баьд аз 15 рӯзи алоқа ташхиси ВНМО ва гепатит А В С супоридам ва тоза баромад. Боз бори дигар пас аз 92 рӯз тариқи тест хун супоридам ва боз тоза баромад. Боз фикри ВНМО аз сарам дур нарафта боз пас аз 5 моҳу 17 рӯз гузаштан боз тест экспресс супоридам ва боз тоза баромад. Ман бояд чӣ кор кунам? Боз супорам ё не?
Ташаккури зиёд барои ҷавоб.
Салом.
Дигар супоридани таҳлил шарт нест. Дар Шумо ВНМО вуҷуд надорад. Саломат бошед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо