салом,
Муқовимати ВНМО нисбат ба ин ё он омилҳои физикию химиявӣ гуногун мебошад. Масалан, зери шуъоҳои офтоб дар муддати якчанд дақиқа нест мешавад. Дар ҳарорати зиёда аз +56 дар муддати 30 дақиқа, дар вақти ҷӯшонидан ҳамзамон нест мегардад. Дар зери таъсири яхкунӣ метавонад солҳо зинда монад. Ҳама намуд маводхои безараркунанда нисбат ба он фоиданок ҳастанд, яъне несташ мекунанд, спирт аз ҷумлаи онҳост. Дар сузан метавонад то якчанд рӯз вобаста ба ҳарорати беруна зинда монад. Дар болои ашёҳо то 14 рӯз метавонад зинда монад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов