Салом.Ташаккур барои савол.
Мумкин аст. Яке аз роҳҳои гузариши ВНМО тариқи алоқаи ҷинсӣ мебошад, аммо ин маъноро надорад, ки 100% алоқаи ҷинсӣ ба сироятёбӣ оварда мерасонад. Ҳастанд бисёр оилаҳое, ки яке аз онҳо сироятёфта асту дигаре не. Ин ҷуфтҳоро ҷуфтҳои дискордантӣ (дискордантная пара) меноманд. Ҳамзамон гуфтан зарур аст, ки агар шахси гирифтори ВНМО табобати зиддретровирусӣ қабул намояд ва сатҳи сарборииӯ номуайян бошад, пас ин шахс тариқи алоқаи ҷинсӣ ин вирусро ба дигар нафар метавонад тамоман нагузаронад (https://i-base.info/u-u-russian/).
Бо эҳтиром,
Умед Талбов