Салом. Ташаккур барои савол.
Албатта метавонанд. Хавфи гузариши вирус аз модар ба кӯдак аз сатҳи сарбории вирусии зан вобастагӣ дорад, яъне чи қадар дар хуни модар вирус зиёд бошад, ҳамон қадар хавфи сироятёбии кӯдак низ зиёд мегардад. Дар ҳолатхои муқаррарӣ хавфи сироятёбии кӯдак то 40% мебошад. Аммо, агар зани сироятшуда аз аввали ҳомиладорӣ, ё то сар задани он, таҳти назорати духтурон бошаду табобати зиддиретровирусӣ нисбати ВНМО гирад, пас хавфи сироятёбии кудак то 1-2% ё аз он ҳам пасттар мешавад, яъне қариб дар 99-100% ҳолатҳо кудакон аз чунин занҳо солим таваллуд мешаванд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов