Оиди ВНМО/БПНМ
Бобошка
26.04.2021
Салом акои Умед. Пеш аз табобати дандон ташхиси ВНМО ва гепатитҳоро мепурсанд. Ин оё аз стоматологон ягон кас сирёят ёфтаст ки ин қадар сахт мегиранд? ӢБезараркунии асбобҳои стаматологӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошанд ё не? Инҳоро ягон кас тафтиш мекунад? Дар ин бора шумо чӣ мегӯед, акаҷон?
Салом.
Ташаккур барои савол.
Ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла стоматологияҳо мунтазам аз тарафи хадамоти санитарию эпидемиологӣ нисбат ба дуруст безарар гардонидани асбобҳои тиббӣ назорат бурда мешавад.
Ҳолатҳои сироятёбӣ аз ин муассисаҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо