Ассалому алайкум.
Антисептикҳо таъсироти гуногун доранд, аз ин лиҳоз якмаъно гуфтан мумкин нест, ки антисептикхо ҳама намуд микробу вирусҳоро несту нобуд месозад. Ҳолате, ки Шумо мегӯед, бояд чунин набошад. Ҳамаи асбобҳои стоматологӣ пеш аз ба дигар нафар истифода намудан, бояд безараргардонии махсусро гузаранд. Баъдан, пеш аз ба мизоҷ истифода бурдан, агар боз як бори дигар бо антисептике безарар гардонад, аз фоида дур нест. Аз ин лиҳоз, маълум нест, ки пеш аз бо антисептик тоза намудан он асбоб махсус безараргардонида шудааст ё на. Фикр мекунам, ки безараргардонии махсус шудааст ва духтур дар назди Шумо онро боз иловатан бо антисептик тоза намудааст, аммо мумкин Шумо ин корро нодуруст пай бурдаед. Агар аз духтур мепурсидед, ӯ бароятон албатта ин ҳолатро равшан мегардонид.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов