Салом.
Эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи консентратсионӣқарор дорад ва нишондодхои расми аз нишондодҳои аслӣ фарқ мекунанд. Яъне айни замон ҳастанд нафароне, ки ҳоло аз бемории худ хабардор нестанд. Аз ин лиҳоз, баҳри ҳар чӣ зудтар чунин шахсонро пайдо намудан, аҳолиро бештар ба ташхисгузарӣ бояд ҷалб намуд. Соҳаи тандурустӣ дар ин ҷода бо роҳи ҷалби мизоҷон ба ташхис оид ба ВНМО саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Аз тарафи дигар, ҳар як мутахассисе, ки бо хуни мизоҷ сарукор менамояд, ҳамзамон худро бояд кафолат кунад, ки пеш аз хизматрасонии ӯ мизоҷаш гирифтори ин ё он беморӣ нест, то ин ки дар оянда ӯро дар сироят намудани шахсе гунаҳкор наҳисобанд. Аммо, тибқи қонунгузории ҶТ ташхис оид ба ВНМО ихтиёрӣ мебошад ва касе наметавонад, ки шахси дигарро барои аз ташхис гузаштан маҷбур намояд, танхо машварат ва тавсия додан мумкин аст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов