Оиди ВНМО/БПНМ
02.
22.04.2021
Ассалому алейкум. Як хоҳарам 15 сол бо шавҳараш зиндагӣ мекард, шавҳараш бошад нашъаманд буд. Ягон маротиба аз ташхис нагузаштааст. 5 сол мешавад, ки аз сабаби аз меъёр зиёд истифода бурдани нашъа вафот кардааст. Хоҳарам ба куҷо муроҷиат намояд барои аз ташхис гузаштан.
Ассалому алайкум.
Хубтар мешавад, ки ба Марказҳои ВНМО-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намояд, то ин ки дар баробари ташхис, боз машварати хубтар низ дастрас намояд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо