Салом.
Нишонаҳои ВНМО-сироят (ВИЧ-инфекция) гуногун мебошанд, чунки таъсири асосии ВНМО ба масунияти бадан мебошад, яъне аз таъсири он масунияти инсон паст мегардад. Дар шароити паст шудани масуният дар организми инсон бемориҳои гуногуни оппортунистӣ авҷ мегиранд, аз ҷумла бемории сили шуш ва ғайришушӣ, Саркома Капоши, илтиҳобҳои шуш, токсоплазмози узвҳои гуногун, сироятҳои ситомегаловирус, сироятҳои герпесӣ, менингит, энсефалит ва ғайра. Инчунин, нишонаҳои паст будани масуният ин дарунравӣ ва ҳарорати баланди сабабашон номаълум, ки зиёда аз 1 моҳ давом мекунанд, мебошад. Аз ин лиҳоз, нишонахои клиникӣ дар шахси гирифтори ВНМО вобаста ба беморӣ ва нишонаҳои авҷгирифта мебошанд.
Нишонаҳои номбаршуда метавонанд баъди солхо ба вуҷуд биёянд, ба ҳисоби миёна 8-10 сол. Дар ин муддат шахси сироятшуда ягон нишона надорад ва ҳатто пай ҳам намебарад, ки ӯ гирифтори ин вирусаст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов