Оиди ВНМО/БПНМ
Комрон
21.04.2021
Салому дуруди бепоён акаи Умедҷон, як савол доштам, ҷавоб медодед бисёр хуб мешуд. Дар ҷумҳурии худамон бисёртар бо кадом роҳ мегузарад? Алоқаи ҷинсӣ, ҷарроҳӣ, стоматологҳо? Бисёртар ба кадом роҳҳо ба қайд гирифта шудааст? Қаблан сипосгузорам!
Салом.
Агар сухан дар бораи ВНМО бошад, пас ба воситаи ҷарроҳӣ ва стоматология ягон ҳолати сироят ба қайд гирифта нашудааст. Агар гепатитҳои вирусиро дар назар дошта бошед, чунин маълумоти расмӣ вуҷуд надорад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо