Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом. 1. Бо зани гирифтори бемории ВИЧ/СПИД ки доруи бар зидди СПИД-ро истеъмол мекунад, аз як хона, ҳоҷатхона, ҳаммом, аз як болишт, ва аз як қошуқу табақ истифода бурдан ин беморӣ мегузарад ё не? 2.Оё бо духтари гирифтори ВИЧ/СПИД алокаи ҷинсӣ аз даҳон ё аз пушт бе рифола алоқа намоӣ, ин беморӣ мегузарад? 3.Бо шахси сирояти ВИЧ/СПИД дошта бӯса намоӣ ва аз лабонаш ва даҳонаш бӯса намоӣ, ин беморӣ мегузарад? 4.Оё рифола ( презервативы) 100% ҳимоя мекунад? Дар бисёр ҳолатҳо рифола медарад, бояд аз кадом намудаш истифода барем, ки рифола дар вакти алоқа надарад. Ташаккури зиёд барои ҷавоб.

Cалом,

  1. Не, ВНМО дар вақти истифодаи як хона, ҳоҷатхона, ҳаммом, аз як болишт, ва аз як қошуқу табақ намегузарад.
  2. Бале, дар ин маврид хавфи гузариши ВНМО вуҷуд дорад.
  3. Не, дар вакти бӯса ВНМО намегузарад.
  4. Истифодаи дурусти рифола метавонад пурра аз сироятшавии ВНМО эмин дорад. Чӣ намуд рифола набошад, бояд тарзи дурусти истифодаи онро риоя намуд, вагарна аз ҳама босифаташ низ имконияти даридан дорад.

 Бо эҳтиром,
Умед
 Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.