Салом, ташаккур барои савол.
Барои пешгирӣ намудани тифл аз сироятшавӣ зани ҳомиладор бояд таҳти назорати қатъии духтурон бошад. Дар вақти ҳомиладорӣ зан бояд табобати зиддиретровирусӣқабул намояд, агар зарур бошад, таваллуд ба воситаи буриши қайсар сурат гирад ва баъд аз таваллуд ба тифл ғизои сунъӣ бояд дод. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо хавфи гузариши ВНМО ба кӯдак хеле паст мегардад ва дар аксариҳолат кӯдак солим мемонад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов