Салом.
Сабаби пайдоиши бемории ВНМО дар он аст, ки ба шахс бо роҳҳои гуногун ин вирус дохили организмаш мешавад. Вируси норасоии масунияти одам дар организм масунияти одамро заиф мегардонад ва дар натиҷа саломатии инисон бад мешавад ва он гирифтори бемориҳои вазнин мегардад. Марҳилаи авҷгрии бемориҳоро марҳилаи БПНМ (СПИД) меноманд, ки дар натиҷаи паст гаштани масуният ва пас аз 8-10 соли сирояишавӣ ба вуқӯъ меояд. Барои пешгирии марҳилаи БПНМ ва паст шудани масуният Табобати зиддиретровирусӣ вуҷуд дорад, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Точикистон ройгон дастрас мебошад ва ба ҳар нафари гирифтори ВНМО пешниҳод мегардад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов