Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом. а) ТЕСТИ ОҶИЛ супорӣ, ҷавоби 100% дуруст нишон медихад? б) Оё забон ва гулу сафед шавад, ба ВНМО алоқамандӣ дорад ё не? в) Бо кадом роҳ пурра аниқ кардан мумкин аст, ки дар бадани одам ВНМО ҳаст ё не? г) Оё ТЕСТИ ОҶИЛ ягон маротиба хато (иштибоҳ) нишон додааст? Ташаккури зиёд барои ҷавоб. ташакурри зиёд барои чавоб.

Салом. Ташаккур барои савол 

а) Агар ҷавоби таҳлил манфӣ бошад, инчунин, дар се моҳи охир холати хавфнок нисбат ба гузариши вирус набошад, пас мумкин аст, ки ин натиҷаро дилпур номид. Агар ҷавоби таҳлил мусбӣ бошад, пас ҷавоб аниқ нест ва талабот ба тасдиқ дорад, ки онро дар озмоишгоҳҳои марказҳои ВНМО бо истифода аз таҳлили иммуноферментӣ (ТИФ) мегузаронанд.

б) Вобаста ба он, ки чи гуна сафедӣ аст. Барои аниқ намудан ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

в) Танҳо ба воситаи хун супоридан ВНМО-ро аниқ менамоянд.

г) Тести оҷилӣ метавонад иштибоҳ намояд, аммо дар ҳолатҳои бенихоят кам. Аз ин лиҳоз, дар ҳолати мусбӣ нишон додани он, ин ҳолат бояд иловатан тасдиқ карда шавад. 

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.