Оиди ВНМО/БПНМ
Umar. 0000
15.02.2021
Салом. Як савол дорам ако. Ман санаи 16 ноябри соли 2020 бо як зан алоқаи ҷинсӣ намудам ва дар вакти алоқа рифола дарид. Намедонам, ки вай бемор аст ё не. Бинобар ин баьд аз 15 рӯзи алоқа ташхиси ВНМО ва гепатитҳои вирусии А. В. С. супоридам. Тоза баромад. Боз санаи 15 феврали соли 2021, яьне баьд аз 92 рӯз барои тест хун супоридам ва боз тоза баромад. Духтурон мегӯянд, ки боз баъди 3 моҳи дигар хун супорам. Оё ман ором шуда метавонам? Боз кай таҳлили хун супорам. Ташакурри зиёд барои ҷавоб.
Салом, ташаккур барои савол.
Метавонед ором бошед, дар Шумо ВНМО нест. Супоридани таҳлили такрорӣ шарт нест, аммо ихтиёр дар дасти Шумост.
Бо эҳтиром,
Талбов Умед
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо