Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи Умед. Акаҷон илтимос ба саволҳоям пурра чавоб диҳед. 1.Ду моҳ пеш бо як зан алоқаи ҷинсӣ намудам ва рифола дарид ва зуд алоқаро бас кардам ва баьди 16 рӯз аз ташхис гузаштам, манфӣ баромад. Ҳоло дар бадани ман сӯзиш ва донача баромаданд, ин ба гирифторӣ ба беморӣ аст ё не? 2. Ака баъди 90 рӯз ташхис супорӣ, пурра ҷавобҳо 100% мебароянд? 3.Оё бемории Гепатит-ро ҳам дар ташхисгоҳи ВНМО супорида мешавад? 4.Акаҷон агар ман хунамро ТЕСТ кунам, аниқ нишон медиҳад, мехоҳам зудтар ҷавобҳоро бигирам, барои ҳамин агар анализ супорам, дар як рӯз ҷавобҳоро мегирам? 5.Ба ташхисгоҳ рафтанамро магар одамон мефаҳманд, ё махфӣ супорӣ мешавад? АКАҶОН БАРОИ ҶАВОБҲО ТАШАКУРИ ЗИЁД, САЛОМАТ БОШЕД.

Cалом. 

  1. Нишонаҳои номбар кардаатон ба ВНМО алоқамандӣ надоранд. Пас аз 3 моҳи алоқаи ҷинсӣ боз як бори дигар таҳлили хун супоред.
  2. Бале, мешавад.
  3. Агар ташхисгоҳи маркази ВНМО бошад, пас не, барои гепатит дар он ҷо супорида намешавад.
  4. Барои ВНМО, бале, дар муддати 20-30 дақиқа ҷавобро мегиред, аммо фаромӯш набояд кард, ки пас аз се моҳи хатари охирин, боз як бори дигар аз таҳлил бояд гузашт. 
  5. Ҷавоби таҳлил дар ташхисгоҳ махфӣ мебошад ва ба ягон нафар ин маълумот дода намешавад. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.