Салом.
1.ВНМО тамоман аз организми инсон нест шуда наметавонад. Табобати зиддиретровирусие, ки айни замон дар табобати ВНМО истифода мебаранд, танҳо теъдоди вирусро дар организм паст месозад, аммо тамоман онро нест карда наметавонад.
2.Авҷгирии беморӣҳамзамон аз он вобастагӣ дорад, ки чӣ миқдор вирус ба организм дохил мешавад. Теъдоди кам (якчанд нусха) мумкин бемориро ба амал наорад. Аммо агар теъдоди кофии вирус ба организм дохил шавад, пас ҳарчанд организм пуркувват бошад ҳам, беморӣ авҷ мегирад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов