Оиди ВНМО/БПНМ
kller
25.01.2021
Салом акаи Умед! Ман бо як духтар алоқаи ҷинсӣ намуда будам. Пас аз 50 рӯз аз ташхиси тестӣ гузаштам, ҷавобаш манфӣ баромад, вале хориши ду тарафи гулӯ ва дард дар ду тарафи гулӯ ҳаст. Камтар гиреҳҳои лимфатикии тарафи чап калон шудагӣ аст. Хориши тамоми бадан бо сӯзиш ҳаст. Оё бори дигар тест супорам?
Салом.
Барои пурра аниқ намудани ВНМО ба Шумо зарур аст, ки баъд аз 40 рӯз, яъне баъди 3 моҳи алоқа, боз як бори дигар аз ташхиси ВНМО гузаред. Нишонаҳои гуфтаатон ба ВНМО алоқамандӣ надоранд, ором бошед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо