Оиди ВНМО/БПНМ
Ком чобир
25.01.2021
Ман бо як духтар хамхоба шудам ва дар дилам шубха пайдо шуд. Пас аз ду рӯз он духтарро бурда аз таҳлил гузаронидам дар клиникаи “Диамед.” Экспресс-тест манфӣ баромад. Вале боз дилам қарор нагирифт. Ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ бурда боз ташхис гузаронидам ва боз манфӣ баромад. Аммо дар байни се моҳ ду-се бор табам баланд шуд, меларзонд. Ҳозир худро хуб ҳис мекунам, вале дар дилам ҳанӯз шубҳа ҳаст, аз фикрам намебарояд. Посух медодед, илтимос.
Агар пас аз 3 моҳи алоқа ташхис супорида бошед, пас метавонед ором бошед, ки дар Шумо ВНМО нест.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо