Оиди ВНМО/БПНМ
Хххх
23.01.2021
Салом. Акаи Умед ман санаи 16 ноябри 2020 бо як зан алоқаи ҷинсӣ бе ҳимоя кардам ва дар вақти алоқа рифола дарид ва зуд кашида гирифтам ва бас кардам. Пас аз ин санаи 30.11.2020 аз ташхиси ВНМО, Гепатити С, Сифилис гузаштам ва ҷавобҳо тоза баромаданд. Ҳоло дар тани ман ягон нишонаи ин беморӣ дида намешавад ва танҳо дар дастам ду донача баромада хушк шуданд ва гоҳ-гоҳ узви наринаам пас аз пешоб кардан тар мемонад , мисол дар вақти роҳ гаштан ҳам ба назарам тар барин мешавад, аммо ягон моеь наомад ва пешоб мечакатд гоҳ-гоҳ. Ман бояд чӣ кор кунам, ако ягон маьлумот диҳед тамом аз хаёт дилам мондааст. Ташаккури зиёд ба эьтиборатон ако.
Аз рӯи гуфтаҳоятон дар Шумо на он қадар хатари гузаштани ВНМО буд. Аммо агар нигарониатон аз ин беморӣ зиёд бошад, пас баъд аз се моҳи алоқа Шумо бояд боз як бори дигар таҳлили ВНМО супоред. Агар манфӣ бошад, дар он вақт метавонед ором бошед, ки ин беморӣ дар Шумо пурра инкор карда мешавад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо