Гепатити С беморие мебошад, ки барангезандаи он вирус аст ва он ба ҷигари инсон зарар мерасонад. Шахсе, ки сироятшудаи гепатити С аст, метавонад солҳои дароз (20-30 сол) аз бемории худ хабардор нашавад, аммо бемори таъсири манфиашро ба ҷигари ӯ мерасонад. Оқибатҳои бемории гепатити С метавонад сиррози ҷигар ё саратони ҷигар шавад. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахс бояд мавқеи саломатиашро нисбати гепатити С донад ва барои ин аз таҳлили лабораторӣ гузарад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов