Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом алекум ака. 1. Ба фикри шумо оё мерасад рӯзе ки тавобати пурраи ВНМО-ро пайдо кунанд. Имкон дорад ин чиз ак? 2. Ака 10 сентябр ҳамхобагӣ кардам рифола дарид. Бад аз он бо ҳамон зан бе рифола ҳамхобагӣ кардам. Ва зан баъд аз 2 моҳ кам-кам вазн пайдо кард. Яъне бӯзбала шуд. Метавонам 10 декабр супорам ва ҷавоби 100% аниқро гирам. 3. Одам агар нохоста ВНМО бошад, хароб бошад, метавонад вазн гирад? Илтимос пурра ҷавоб диҳед. Раҳмат ака.

       Салом.

  1. Мо умедвоарем, ки рузе мерасаду табобати 100%-и ВНМО-ро пайдо мекунанд. Аммо, айни замон ғайр аз табобати зиддиретровирусӣ (ТЗРВ) дигар табобати ВНМО вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, шахси гирифтори ВНМО бояд ТЗРВ қабул намояд.
  2. Баъд аз 10 декабр метавонед таҳлил супореду ором шавед. Бӯзбала шудани он зан дар ин раванд эътибор надорад.
  3. Шахси гирифтори ВНМО метавонад ҳам вазн гирад ва ҳам вазн партояд. Ҳамааш аз сатҳи масунияти ӯ вобастагӣ дорад.

Бо эҳтиром, 

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.