Аз гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки он зан бо дигарон низ алоқаи ҷинсӣ доштааст. Аз ин рӯ, супоридани ташхиси ӯ кифоя нест, зеро пеш аз бо Шумо алоқа кардан эҳтимоли сироят ёфтани он зан низ ҳаст ва таҳлили супоридаи ӯро дилпур шуморидан дуруст нест.
Барои пурра инкор кардани сироятёбии Шумо аз ВНМО, ба Шумо лозим меояд, ки баъд аз 3 моҳи алоқаи ҷинсӣ бо он зан аз таҳлил оид ба ВНМО гузаред. Метавонед айни ҳол хам ташхис супоред, агар тоза барояд, пас такроран баъд аз се мох боз супоред.
Бо эхтиром,
Умед Талбов