Салом алейкум. Оид ба ВНМО беҳуда ғам махуред. Кифоя аст як бор ба ташхисгоҳ рафта ташхиси хун супоред. Агар манфи бошад метавонед дигар оиди ВНМО фикр накунед. Сабаби логари гуногун мебошанд, аз ин лиҳоз ба дармонгоҳи наздиктарин рафта машварати ягон духтури терапевтро гиред.
Ба Шумо лозим аст, ки тахкикоти иловаги ба монанди кишти бактериологи аз даҳон супорида инчунин хунро барои сироятҳои бо рохи алоқаи ҷинси гузаранда интиқол диҳед.
Ҳангоми ҳомиладори, гирифтани доруҳо бояд тахти назорати қатъии духтури занона қарор гирад. Оё вируси ВНМО ба кудак сироят ёфтааст ё не, танҳо баъд аз таваллуд шуданаш фаҳмида мешавад.
Маводи доруҳои зиддиретровируси ба фуруш нарафта, балки аз ҷониби Маркази ВНМО ройгон таъмин карда мешаванд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов ва Вероника Мельникова.