Салом. Мухлати сар задани нишонахои бемории ВНМО дар хар одам гуногун мебошанд. Дар баъзе одамон баъди 3 сол дар дигаре баъди 15 сол. Ба хисоби миёна авчгирии мархилаи БПНМ (СПИД) баъди 8-10 сол аник шудааст. Дар холи имруза барои табобати ВНМО доруворихои зиддиретровирусиро истифода менамоянд (ТЗРВ), ки онхо афзоиши вирусро дар бадан боз медоранд. Дар баробари ин шахси табобатгиранда бояд гизои хуб, поливитаминхо ва тарзих хаёти солимро пеш гирад, то ин ки таъсироти манфии доруворихо камтар шуда, масуният тезтар баркарор шавад. То паст шудани сарбории вируси то холати номуайян, хавфи сироятшави баланд аст. Агар сатхи сарбории вируси номуайян шавад, пас хавфи сироятшави бенихоят паст аст ва бархе аз тадкикотхо тавсияи истифода набурдани рифоларо низ пешниход менамоянд (https://i-base.info/u-u-russian/). Тибки тартибот, агар ТЗРВ дуруст кабул карда шавад, пас баъди 6 мохи табобат сатхи сарбории вируси бояд номуайян гардад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов