Салом алейкум.
1. Қабул кардан ё накардани табобат ба ихтиёри ҳар як шахс мебошад. Табобати зиддиретровирусиро бояд аз рӯи имконият ҳар чи зудтар қабул кард, чунки чи қадаре тезтар онро оғоз намоем, ҳамон қадар он тезтар фоидаи худро мерасонад, яъне шумораи вирусро дар бадан паст намуда масунияти одамро муҳофизат менамояд. Мутаасифона, Шумо сабаби хоҳиши баъди 6 моҳ сар кардани табобатро нанавиштаед. Аз ин лиҳоз, агар 6 моҳе, ки Шумо мегӯед ягон сабаби муҳим набошад, пас хоҷати сар накардани табобат нест. Хубтар ба Шумо он аст, ки ҳозир сар кунед. Инчунин, гуфтан лозим аст, ки дар давоми табобат шахс метавонад ба ҳама гуна кор машғул бошад, яъне табобат ба ягон фаъолияти шахс монеъаги пеш намеорад.
2. Давомнокии умри шахси гирифтори ВНМО, ки табобат қабул намекунад, ба ҳисоби миёна 10-11 сол мебошад. Аммо бояд гуфт, ки дар баъзе ҳолатҳо бемори тез авҷ гирифта дар муддати 3-5 сол ба марг оварда мерасонад. Агар шахс табобат қабул намояд, пас давомнокии умри он бешумор дароз мешавад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов