Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом алейкум. Ҳамин касал як сол шуд дар ман будааст. Ман нав хабардор шудам, лекин дар ман ягон чи мушоҳида дида намешавад. Температура надорам иштиҳои хуб дорам, дарун рав нестам. Чи бояд кард, ки то зиёдтар зиндаги кард. Илтимос чавоб диҳед, ман айни замон дар шахри Маскав ҳастам.

Салом алейкум.

Дар ҳолати Шумо ягон омили ғайримуқаррари нест. Қисми зиёди шахсони гирифтори ВНМО солҳои тулони ягон нишонаро мушоҳида намекунанд, аммо вирус дар бадани онҳо зарари худро мерасонад, яъне масуниятро паст месозад. Барои зарари вирусро дар бадан паст намудан, шахси сироятшуда бояд табобати зиддиретровирусиро қабул намояд. Аз ин лиҳоз, агар Шумо шаҳрванди Руссия бошед, пас метавонед ба маркази ВНМО шахри Москва муроҷиат намоед. Лекин агар Шумо танҳо шаҳрванди Тоҷикистон бошед, пас ба Шумо лозим меояд, ки ба Ватан баргашта дар он ҷо ба маркази ВНМО-и минтақави муроҷиат намоед. Дар Ҷумхурии Тоҷикистон имруз тамоми имкониятҳои табобат ва ташхиси ройгон ва босифат барои шахсони гирифтори ВНМО шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, вобаста ба ҳамаи қонунҳои амалкунанда сирри ташхиси шахс махфи нигоҳ дошта мешавад ва ба шахси дигар ин сирри махфи кушода намешавад. Ба фоидаи шахси сироятшуда аст, ки чи қадар тезтар табобати зиддиретровирусиро сар кунад. Аз ин лиҳоз, ба шароити худ нигоҳ карда, ҳарчи зудтар ба духтур муроҷиат намуда ин табобатро қабул намоед.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.