Оиди ВНМО/БПНМ
Хуршед
24.06.2020
Салом алейкум. Ман моҳи декабр, бе истифодаи рифола, алоқаи ҷинси доштам. Ҳозир бошад, қабурғаҳо ва қафаси синам месузад. Рентген ва КТ кардам, шушҳо тоза баромад. Оё ин вирус бошад? Ва як мушкилии асосӣ - шаҳватам кам шуда истодааст.
Салом алейкум.
Не, ин нишонаҳо ба ВНМО алоқаманди надоранд. Аммо як бор аз ташхис гузаштанатон ҳатмист. Агар манфи бошад, пас ором шавед, ки Шумо ин вирусро надоред. Оиди кам шудани шахват ба духтур уролог-андролог муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо