Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом алейкум, бахшиш акаҷон. Ман 28 октябри соли 2019 бо як духтар ҳамхоба шудам. Бо рифола ҳангоми гирифтан, духтар гуфт, ки кафидаги рифола. Лекин худам аҳмият надодам. Баъд фаҳмидам, ки вай бемор будас, яъне ВНМО. Баъди як моҳ ду бор тест супоридам, тоза баромад. Боз моҳи март супоридам, натиҷаи ташхис манфӣ баромад, ва охирон бор рузи 15.06.20 супоридам, тоза баромад. Лекин як чиз азоб медиҳад. Гоҳ гоҳ бемадор мешавам, дасту пойҳоям дард мекунад, аз зону поён ва пушти гарданам баъзе вақт дард мекунад, ман чи кор кунам? Боз такроран тест супорам?

Салом алейкум. Охирин тести супоридагиятон кифоя аст. Ба Шумо ин вирус нагузаштааст, метавонед ором бошед. Дигар тест насупоред. Нишонаҳои гуфтаатон ба ВНМО алоқаманди надоранд, аз ҳисоби асаб метавонад бошанд.

Дар оянда эҳтиёт бошед.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.