Салом. Рифола, яке аз усулҳои самараноки пешгирии ВНМО мебошад. Аммо бояд донист, ки рифола он вақт муҳофизат карда метавонад, ки агар онро дуруст истифода бурд. Дар ҳолати дуруст истифода набурдан ва ё бесифат будани худи рифола, албатта хавфи сироятшави баланд мегардад. Роҳи аз ҳама самараноки пешгирии ВНМО ин худдори намудан аз алоқаҳои ҷинсии тасодуфи ба ҳисоб меравад. Аммо, чи тавре дар боло зикр намудем истифодаи рифола дар чунин ҳолатҳо хавфи сироятшавиро бениҳоят паст мегардонад. Рифола ҳам мард ва ҳам занро аз сироятшави эмин мегардонад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов