Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом алейкум, ман моҳи декабр алоқа доштам. Массаж буд, аммо дигар чиз 4 моҳ боз дар натиҷаи ташхис лимфотситҳо 60 баланд, нейтрофилҳо 26, лимфотситҳои абс баланд камтар хастанд. Барои ВНМО муаян кардан се бор Пцр супоридам ва қариб 10 маротиба бо ИФА супоридам, аммо мафӣ баромад. Ташхиси ба хепатит ҳам супоридам. Дар аввал бе иштиҳои буд, пас аз он дард дар поям буд ва боз гузашт. Вақте хоб рафтан дастонам дард мекард, ҳоло хоб кам меравам, беҳад аз дилам гоҳ урчит зиёд буд гузашт, ҳоло нест. Вале дар ин байл аз дил сахт мерафт, мисли сангча, ҳоло бошад сахт нест. Се рузба ба ҳоҷатхона меравам, аммо диарея аст. Дар дастам мебаромад чизе ва боз гум мешуд, ҳоло дар кафи даст як то баромадааст, дард надорад, намехорад, ранги папилома ва сахт зардча аст. Дар муҳоҷират ҳастам.

Салом алейкум. Оиди нишонаҳоеки Шумо номбар кардед, танҳо ба таври машварати зинда тавсия карда ташхисро муайян кардан мумкин аст ва дар чорчубаи сомонаи мо ин ғайримкон аст. Аз ин лиҳозбояд ҳатман ба ягон духтур муроҷиат намоед. Ман танҳо гуфта метавонам, ки Шумо ВНМО ва гепатит надоред, чунки чандин маротиба ташхис супоридаед ва дигар метавонед оиди ин бемориҳо хун насупоред.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.